ОМӮЗГОРИ КАСБӢ-КАФИЛИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ

Дар маросими ифтитоҳи семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» М. Ғафорзода нахуст иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодат ва дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ комёби орзу намуд.

Дар идомаи суханронӣ директори марказ вобаста ба ҳадафу мақсадҳои баргузории семинар, аҳамияти такмили сатҳи касбии омӯзгорон, рушди малакаҳои методӣ ва ҳуқуқии онҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва нақши омӯзгори касбӣ дар таъмини таълими босифат ибрози назар намуданд.

Семинари мазкур рӯзҳои 13 ва 14 августи соли 2026 баргузор гардида, дар он муовинони директор оид ба корҳои таълим ва тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва намояндагони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари машғулиятҳои назариявӣ, иштирокчиёни семинар дар муҳокимаҳо ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ табодули афкор менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *