14 августи соли равон дар истироҳатгоҳи тобистонаи омӯзишию фароғатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе «Зимчуруд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории ғолибони олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии барномаҳои истироҳатгоҳ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупорӣ муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷ. Ғаюрзода, директори Институти математикаи АМИТ А. Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ К. Бобозода, директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Ш. Ашуров, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони дастаҳои олимпии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иштирокчиёни олимпиада ва истироҳаткунандагони фароғатгоҳ иштирок намуданд.
Олимпиадаи даставӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати зеҳнии хонандагон, рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, дусти байни дастаҳо ва тақвияти ҳисси рақобати солим миёни хонандагони шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Ҷому ҷоизаҳо, диплом ва сипосномаҳо супорида шуда, барои дастовардҳои назаррас ва иштироки фаъолашон қадрдонӣ гардиданд.